Activities calendar

19 Апрел 2024

Натиҷагири аз фаъолияти семоҳаи аввали соли 2024

Дар толори мақомти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2024 баргузор гардид. Дар кори маҷлис намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, раиси кумидаи идораи давлатии замини вилояти Хатлон Пирзода Диловар, иштирок ва суханрони намуд. Сараввал ҳисоботи раиси ноҳия оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар семоҳи аввали 2024 шунида шуд.

Ҳеҷ овозе нест

Фестивал “Ҳунар беҳтар аз зар” бувад

Дар ноҳияи Фархор санаи 18 апрели соли 2024 даври ноҳиявии фестивали мазкур бо ишитироки ҳунармандону заргарон, кафшергарону дуредгарон, дузандаҳо, чеварон, бофандаҳо, қаннодҳо, ҷавонони ихтироъкор, аҳли ҳунару фарҳанг ва фаъолон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Ҳунармандони соҳаҳои гуногун дастовард ва заҳмати дастони пурэъҷози худро ба маърази иштирокчиён  гузоштанд. Ҳайъати тадорукот аз ҳунарҳои дастӣ ва гулдузию офаридаҳои аҳли заҳмат боздид намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд.

Ҳеҷ овозе нест