Натиҷагири аз фаъолияти семоҳаи аввали соли 2024

Дар толори мақомти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2024 баргузор гардид. Дар кори маҷлис намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, раиси кумидаи идораи давлатии замини вилояти Хатлон Пирзода Диловар, иштирок ва суханрони намуд. Сараввал ҳисоботи раиси ноҳия оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар семоҳи аввали 2024 шунида шуд. Зикр гардид, ки нақшаи андоз ва даромадҳои давлатии ноҳия 112,4% иҷро гардида, ба ҷои 13879,6 ҳазор сомонӣ ба буҷаи маҳаллӣ 15595,7 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 1716,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ бошад ба ҷои 3093,4 ҳазор сомонии пешбинишуда 2627,8 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки ин 84,9%-и нақшаро ташкил медиҳад. Иҷроиши андози иҷтимоии буҷетӣ ба ҷои 6589,7 ҳазор сомонӣ 6313,7 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки баробар ба 95,8% мебошад. Бақияпулиҳои андозҳо ва андози иҷтимоӣ ба санаи 1 апрели соли 2024 10739,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали соли 2024 1442,0 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 3 моҳаи аввали соли 2024 ба 71338,0 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта баробари 117,8% мебошад. Кишоварзони ноҳия ҳаҳми умумии маҳсулоти кишоварзиро давоми 3 моҳи аввали соли 2024 ба 73793,2 ҳазор сомонӣ расидааст, ки 108,9%-ро ташкил медиҳад. Давоми 3 моҳ дар майдони 15320 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 67,5% баробар аст. Кишти ғалладонагиҳо дар майдони 11327 гектар гузаронида шудааст, ки аз он 9926 гектараш гандум, 845 гектараш ҷав, 556 гектараш лубиёгиҳо ва 43 гектараш дигар намуди ғалагиҳо мебошад. Зироатҳои техникӣ 1802 гектар баробар ба 19,2% кишт шудааст. Ҳамчунин, дар ноҳия дар майдони 287 гектар картошка (100,3%), 740 гектар полезиҳои озуқаворӣ (101,0%), 275 гектар зироатҳои хўроки чорво (69,3%) ва 846 гектар сабзавот (95,6%) кишт шудааст.  Сипас аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳо бобати фаъолияти соҳаҳо пурсиш ба амал оварда шуд. Сардори раёсати молия, нозироти андоз ва омор мудири шуъбаи маориф, сардухтури беморхонаи марказии ноҳия, сартабиби КАТС, роҳбари шабакаҳои барқи ноҳия ва сардори шуъбаи кишоварзӣ вобаста ба фаъолияти соҳаҳо гузориш доданд. Раиси ноҳия баъд аз баромад ва гузоришҳо бобати рафъи норасоиву камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ҳеҷ овозе нест