ИҚТИБОСҲО АЗ СУХАНРОНИҲОИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ МУАЗЗАМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ОИД БА ҶАВОНОН, ЭЪТИМОД БА ҚУВВАИ СОЗАНДАИ ОНҲО ВА ДАР РУҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ТА

•«Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолияти давлатӣ расидан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро сармашқи зиндагиву фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафтаро бунёд намоем».
•«Эҳтиром ва гиромидошти арзишҳои милливу давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳифзи манфиатҳои кишвар бояд асос ва ҷавҳари тарбияи ватандӯстиву худогоҳии ҷавононро ташкил намояд».