Фестивал “Ҳунар беҳтар аз зар” бувад

Дар ноҳияи Фархор санаи 18 апрели соли 2024 даври ноҳиявии фестивали мазкур бо ишитироки ҳунармандону заргарон, кафшергарону дуредгарон, дузандаҳо, чеварон, бофандаҳо, қаннодҳо, ҷавонони ихтироъкор, аҳли ҳунару фарҳанг ва фаъолон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Ҳунармандони соҳаҳои гуногун дастовард ва заҳмати дастони пурэъҷози худро ба маърази иштирокчиён  гузоштанд. Ҳайъати тадорукот аз ҳунарҳои дастӣ ва гулдузию офаридаҳои аҳли заҳмат боздид намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд. Сипас дар лаҳзаи тантанавӣ беҳтаринҳо бо дипломҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор қадрдонӣ гардиданд. Ихтиръкорон ва иштирокчиёни фестивал низ бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Дар қисмати фарҳанги аҳли фарҳанг бо пешниҳоди таронаҳои дилошуб иштирокдоронро болидахотир намуданд. Беҳтаринҳо ба даври вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ пешниҳод гардиданд.

Ҳеҷ овозе нест