БЕШАРАФИҲОИ МУҲАМАДИҚБОЛ

 

Рӯзҳои сипаригашта тавассути шабакаҳои телевизиони давлатӣ филми ҳуҷҷатии қисмати 7-уми филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” зери унвони «Бешарафӣ» намоиш дода шуд, ки аз бешарафиву беномусӣ, кирдорҳои пасту разилона, авбошиву дасисакорӣ ва найрангу тақаллуби яке аз пайравони Ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ қиса мекунад. Ба зикри муаллифони ин филм мақсад аз таҳия ва намоиш додани ин филмнома ҳаргиз накӯҳишу таҳқири касе нест, балки нишон додани воқеияти талхест, ки дар сарнавишти як нафар инсон нақши мудҳиш, сиёҳии шармгину покнашавандае боқӣ гузоштааст. Ин филми ҳуҷҷатӣ бори дигар парда аз рӯи беномусиҳои Муҳаммадиқболи Садриддин бардошт. Зеро дар ин филм шоҳидони ҳол ва худи саркардагони наҳзатӣ воқеияти зиндагӣ ва ба таъбири дӯстдоштаи худи Муҳаммадиқболи Садриддин “досия”-и ӯро бармало сохтанд. Бинанда дар таҳайюр меафтад, ки баъд аз ин зиндагии шармандавору пурхиҷолат боз чӣ гуна Муҳаммадиқбол бо забони дароз дар шабакаҳои иҷтимоӣ тухми нифоқ мекорад? Таҳияву ба намоиш гузоштани чунин филмҳо воқеан ба нафъи ҷомеа мебошад,то ҷомеаи мо чеҳраи воқеии чунин “воизон”-ро хуб шиносанд ва бидонанд, ки онҳо ба қавли Хоҷа Ҳофиз “чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд”.

Инчунин, дар ин филм рафтору кирдори ношоиста ва муғризонаи узви ташкилоти экстремистӣ-террористии «Ҳизби наҳзати исломӣ» (ТЭТ ҲНИ мамнӯъ дар Тоҷикистон» Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ҳоло дар хориҷа зиндагӣ мекунад, қотеона маҳкум мегардад. Албатта, ҷомеаи Тоҷикистон, ки бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва расидан ба ҳадафҳои миллӣ амалҳои ношоиставу бешарафонаи чунин ашхосро бо тамоми шаклҳо ва мавҷудияташ маҳкум намуда, дар ҳар шароит арзишҳои миллии хешро боло медонад ва аз онҳо ҳимоя менамояд.

Тавре дар филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ» нишон дода мешавад, чандин нафар, ки ба доми фиреби ин қаллоб даромада, то имрӯз азияташро мечашанд, рафторҳои разилонаи онро, ки аз амалҳои террористию экстремистии ТЭТ ҲНИ маншаъ мегиранд, шадидан маҳкум намуда, ба мардум рӯ меоранд, ки зиракиро аз даст надиҳанд ва ба бофтаҳои чунин ашхос, ки мехоханд бо истифода аз дини мубини Ислом ба манфиатҳои шахсии хеш истифода кунанд, наафтанд.

Муҳаммадиқболи Садриддин, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла «Фейсбук» бо «таҳлил»-ҳои кӯр-кӯрона ва чаласаводона сари ин ё он масъала суҳбат карда, бо тиҳӣ мағзӣ ошкор мезодад, ки ғаразмандона бо супориши роҳбарияти ТЭТ ҲНИ ва ҳамммаслакони он ин корро анҷом медиҳад. Ҳол он ки, тавре аз тариқи ВАО огоҳем, худи ӯ ва ақрабонаш ба сиёҳкории гурӯҳеву ҳизбе алоқаманданду аз дасти онҳо нафарони зиёде ранҷ мебаранд, боз бо бешармию бешарафӣ даҳан боз мекунанд.

Хушбахтона, имрӯз мо ин ҳолатҳоро дар Тоҷикистон кам мебинем, чунки аз рӯзи нахуст роҳбарияти олии кишвар ба нерӯи созандаю бунёдкори миллати худ такя намуда, тамоми иқдомоти некро баҳри рушди кишвар ва мардуми он татбиқ намудаистодааст.

 

Л.Мирализода, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест