НИЗОЪҲОИ “ТОЛИБОН”

 

Ќайд кардан бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо давомнокии зиёда аз 1400 киллометр ҳамсарҳад аст, аз муноқишаҳои дохилии Афғонистон бетараф буда наметавонад. Зеро, хавфи ҳуҷуми ҳаракати “Толибон” ба сӯи деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон аз эҳтимол дур нест. Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом низ мехоҳад чун ҳаракати “Толибон” рафтору кирдор намояд, ки хоҷагони ҳарду ин ташкилоти ифротӣ аз як макону манбаи маблағгузорашон низ якест. Ин ифротиён, ки дар Афғонистон зиёда аз 40 сол инҷониб низою тафриқаандозӣ мекунанд, мехоҳанд, ки дар Тоҷикистон низ чунин вазъро ба вуқӯъ оваранд

Барои дар фазои сулҳу осоиштагӣ нигоҳ доштани кишвар заҳматҳои шабонарўзии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин мақомоти дахлдорро мушоҳида кардан мумкин аст, ки чӣ қадар корҳои назаррасро дар ин самт анҷом дода истодаанд..

Мардуми шарафманди тоҷик яке аз бузургтарин миллатҳои рўи замин маҳсуб меёбад ва бо меҳнату заҳмати худ кўшиш менамояд, ки Ватани худро ободу зебо созад, ки ин бевосита бо дастгирии Сарвари давлатамон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтара Эмомалӣ Раҳмон , Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва хеҷ як шахсе наметавонад, ки инро дигаргун созад, зеро ки дар Тоҷикистон шаҳрвандони бонангу номус зиндагӣ мекунанд ва аз Ватани худ Сарвари муаззами мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон мефахранд, мекўшанд, ки бо ҳувияти миллӣ, хештаншиносӣ ва ватандорию ватандўстиихуд Тоҷикистони азизамонро аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб эмин нигоҳ доранд.

М. Ватанзода

 

Ҳеҷ овозе нест