Оромии сарҳад оромии давлат

 

Байни нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон ва ҳаракати ҷиноии “Толибон” беш аз 40 сол аст, ки муноқиша идома дорад. Афғонистон ин муддат муқовиматро идома дода, то ба дараҷае барои таъмини сулҳу оромӣ камари ҳиммат баста истодааст. Ҳодисаҳои қатли кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатӣ ҳамарӯза ба мушоҳида мерасад. “Толибон” ҳамчун ташкилоти ифротӣ дар қатори ташкилотҳои террористии “Давлати исломӣ”, “Ал-қоида” ва Ҳизби наҳзати исломӣ эътироф гардидааст. Мақсади ин ташкилот барпо намудани давлати ба ном исломӣ дар минтақа мебошад. Муқовимат ба ин нерӯҳои ифротгаро кори ҳамагонӣ буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон робитаҳоро ба таври густарда ба роҳ мондааст. 1400 киллометр ҳамсарҳад албатта Тоҷикистонро ба сарҳади пеши мубориза қарор медиҳад.

Мо дар муноқишаҳои дохилии Афғонистон бетараф буда наметавонад. Хавфи ҳуҷуми ҳаракати “Толибон” ба сӯи деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ҳарчанд вуҷуд дорад, аммо мо боварии комил дорем, ки сарҳадбонони тоҷик дар ин раванд қаҳрамониҳои зиёдеро анҷом хоҳанд дод. Ҳизби террористии наҳзати ислом низ мехоҳад ҳамчун ҳаракати террористӣ дар дохили мамлакат барои бунёби ақидаҳои бегона замина фароҳам оварданд. “Толибон” низ ҳамин ақидаро дар Афғонистон доранд ва ин кишварро ба ҷанги дарозмуддат кашиданд. Ташкилотҳои мазкур як манбаи маблағгузорӣ доранд. Мо шукри беҳад мекунем, ки кишвари мо тинҷу ором аст ва мардуми шарифи Тоҷикистон аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат пуштибонӣ мекунанд. Онҳо аз кирдорҳои номатлуби Ҳизби террористию экстремистии наҳзати ислом огашии комил доранд ва боварии комил доранд, ки Тоҷикистон дар фазои ваҳдату якдилӣ зери роҳбарияти Ҳукумати мамлакат гирд омада, аз низоъҳои Афғонистон сабақ бардоштаанд ва намегузоранд Тоҷикистон ба дасти ифротиёни мардумозор гузарад.

 

К.Каримов, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест