ФАЗИЛАТИ ФИЛМИ МУСТАНАДИ “ХИЁНАТ”

Таърих гувоҳ аст, ки мо дар ҳама давру замон як миллати дилсӯз, дилсоф будему ҳастем. Аз ин рӯ, Пешвои миллат ба таъкид иброз медорад, ки ҷаҳон дигар шудааст ва мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Филми мустанади “Хиёнат” ба тақвияти ҳамин гуфтаҳо ва ҳушдор доданҳо ба навор гирифта шудааст.

Албатта, бо имзои Созишномаи сулҳ ва истиқрори ризоияти миллӣ ҳама бахшида шуданд ва гузаштаро барои таънаи ҳамдигар набояд ба хотир биёрем.

Мақсади “Хиёнат” он аст, ки мо аз гузашта дарси ибрат бигирем. Дӯстро аз душман, махсусан дар ин рӯзгори пуртаззоду қудратталабиҳо, бишносем.

“Хиёнат” моро огоҳ мекунад,  агар боз Худо накарда хато бикунем, ҷуброни он номумкин аст.

“Хиёнат” моро таъкид мекунад, ки хиёнатҳоро агар дар пушти ҳазор парда асту ба ҳазор ранг меоянд, бишносем ва хиёнаткоронро низ. Дидани “Хиёнат” ва аз он хулосаи дуруст баровардан, ки бояд ба манфиати миллат бошад, зарур мебошад.

“Хиёнат” ба мо қаҳрамони асили миллат, Пешвои муаззам, наҷотбахши Тоҷикистони азизу мардуми онро як бори дигар бо ҳама ҷоннисориҳо, мушкилнописандию заҳматҳои шабонарӯзияш шинос мекунад.

“Хиёнат” дарси ибратбахши ӣаърихие аст барои насли наврас ва ояндагон, дӯстдорони миллат. Бояд, охир, бидонанад, ки пойдор намудани Истиқлолияти давлатӣ, балки эҳёи он ва ину сулҳу дастовардҳои бузург ба осонӣ ба даст наомадааст ва моро зарур мебошад, ки онҳоро азиз бидорему чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Т. Вадудов , омӯзгор.

Ҳеҷ овозе нест