ФАРХОР: МАОРИФЧИЁНИ НОҲИЯ ЧОРАБИНИИ БОШУКӮҲИ БА ИФТИХОРИ «РӮЗИ ОМӮЗГОР» ВА «РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»-ро ДАР НОҲИЯ БО ЯК ТАНТАНАИ ХУБ ГУЗАРОНИДАНД

                      Дар рӯзи 3-юми октябр дар толори муассисаи таълимии №2-и ноҳия чорабинии бошукӯҳи фарҳангиву тантанавӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи омӯзгор» ва «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳия- Раҳматуллозода Дилбар, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор- Вализода Муҳаммад, муовини раиси ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор- Раҳимзода Раъно, мудири шуъбаи маорифи ноҳия- Садирзода Амриддин, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, муассисаҳои томактабӣ, омӯзгорон, мураббиён ва собиқадорони соҳаи маориф иштирок намуданд. Дар қисмати тантанавии чорабинӣ муовини раиси ноҳия Раҳматуллозода Дилбар паёми табрикии раиси ноҳияи Фархор- муҳтарам Назирӣ Зарифро ба иштирокдорон расонида, нақши омӯзгоронро дар рушду пешрафти ҷомеа басо муҳим арзёбӣ намуд. Дар баромади мудири шуъбаи маориф- Садирзода Амриддин низ аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар манзалати омӯзгор ёдоварӣ шуд. Таъкид гардид, ки барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва ҳавасмандгардонии омӯзгорони ноҳия тамоми имкониятҳоро истифода намоем. Қисмати дигари чорабинӣ ба қадрдонӣ бахшида шуда, як қатор омӯзгорон бо нишони сарисинагии “Омӯзгори фахрии Фархор”, Ифтихорномаҳои раиси ноҳияи Фархор, Раёсати маорифи вилояти Хатлон, ҲХДТ дар ноҳияи Фархор, мудири шуъбаи маориф сарфароз гардонида шуданд. Маросим бо барномаи фарҳангӣ ҷамъбаст гардид, ки дар он сурудҳо ва порчаҳои бадеӣ дар васфи омӯзгор, забони тоҷикӣ ва арзишҳои миллию ватанпарастӣ иҷро гардиданд.

Ҳеҷ овозе нест