Вахуриҳои ру ба ру бо сокинони маҳал

Санаи 17 апрели соли 2024 дар доираи дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати тарғиби арзишҳои миллӣ, пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, пешгирии паҳншавии фарҳанги бегона, таассуби динӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҷараёнҳои тундгарову эктремистӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ, тарғиби дастовардҳои истиқлолият, баланд бардоштани иродаи сиёсии мардум нисбат ба сиёсати давлату Ҳукумат ва амсоли ин бо усули хона ба хона дар ҷамоати шаҳраки Фархор дар ҳамаи маҳаллаҳо ва бозори марказӣ вохурихои ру ба ру бо сокинони маҳал анҷом дода шуд. Дар вохуриҳо намояндагони ташкилоту муассисаҳо, кормандони мақомоти милитсия, амният, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор иштирок намуданд. Зимнан вобаста ба масъалаҳои болозикр суҳбат намуда, дастуру тавсеаҳои судманд доданд.

Ҳеҷ овозе нест