«ҲНИ дар ҳеҷ кишвари ҷаҳон нерўи мусаллаҳ надорад». Кабирӣ изҳороти роњбари амниятиҳои афѓонро рад кардааст

 

 

         Ҳеҷ ҷойи пўшидааш нест, ки бо ќарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябри соли 2015 ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористї-экстримистї эътироф шуда, фаъолияти он дар ќаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.

         Гап сари он меравад, ки ҲНИ имрўз ҲНИ-и дар аксар кишварҳои олам бо раисашон Кабирї ҳамчун ҳизби террористию-экстримистї шинохта ва эълон шудааст. Дар айни замон ин хиёнатпешагону худфўрушон худро мисли ҳамон рўбоҳе, ки дар об ѓарќ шуда истодаасту думашро аз об боло бардошта нишон доданї аст, ким ан оббозї дорам.

         Кабирї бо чанд нафари сиёҳкораш имрўз ҳамон рўбоҳро мемонад. Дуруст, ки аз ҳисоби ҷавонони камсаводу бесаводи тоҷик чанд нафарро гумроҳ карда, дар ин ҷову он ҷои дигар тавасути расонаҳои хабарї ва саҳифаҳои интернетї атрофи он ки онҳо бо дигар ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстримистї якҷоя шудаанду бо онҳо иртиботи наздик доранду бо ҳамин ба оламиён даҳшат афканданианд. Ҳеҷ ҷойи пинҳон доштан нест ва њамаи мардумони пешќадами дунё медонад, ки мрўз ҲИЎ «Ансоруллоњ»-и Тоҷикистон, Ҳаракати исломии Туркистони шарќї, ДИИШ, Алќоида ва дигарњояшон дар дили мардум тарсу ҳарос ҷой кардан аст.

         Роҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афѓонистон Аҳмад Зиё 18-уми феврал оид ба натиҷаҳои Конфронси минтаќавии мубориза алайњи терроризм атрофи ҳизби ҳаракатҳои террористї-экстримистї, ки дар Афѓонистон ҷой шудаанд, аз намояндагии ҲНИ низ ном бурдааст. Модом, ки ин тавр бошад, Кабирї ва Ҳизби хуношомаи ҳоло ҳам аз маќсадҳои сиёҳу нопоки террористию экстримистиашон даст накашидаанд.

         Он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки сину солашон ба навадум чи разолатҳоро ба сари миллату давлати тољикон наоварда буданд. Аз рўи нишондодњои омори амиќдори 10 миллард доллари амрикої ба кишвар хисорот оварданд, 150 ҳазор сокинони Тоҷикистон ќурбони дасисабозињои ин ҳизби хунхор гашта буданд, кўдакони ятиммондаю занњои бевамонда њисоб надоштанд.

         Як далели муътамадро аз китоби «Масъуди сипаҳсолор»-и нависанда Сайид Раҳмон меорам, ки ҳанўз ин ҳизб бо роҳбарии Абдуллои Нурӣ дар ќаламрави давлати исломии Афѓонистон ҷой гирифта буданду тайёрї медиданд, ки аз ин ҷо ба Тоҷикистон ҳуҷум карда, наќшањои сиёҳашонро роҳандозї кардани буданд. Худо ба ин палидони рўсиёњ нусрат надод. Акнун мазмун аз китоби «Масъуди сипаҳсолор»:

         Марҳум Аҳмадшоњҳ Масъуд ва собиќ Президенти Афѓонистон Раббонї дар як вохўрї аз раиси ҲНИ Абдуллоњи Нурї хоҳиш мекунад, к ибо кадом роҳе, ки набошад Ризвону аскаронашро ба Тоҷикистон гузаронед. Аз бедодии онҳо мардуми афѓон ба дод омадаанд. Воќеан ҳам террорист, террорист аст. Дар куҷое набошад дар дили мардум тарсу даҳшат меафканад.

         Аҳмадшоњи Масъуд дар ҳамон вохўрї ба Абдуллои Нурї мефаҳмонад, ки афѓонистон аз дасти њамин мулоҳою эшонҳо ба ҳамин ҳолат гирифтор шудааст. Миллати тоҷик дар ин кишвар кўҳ ба кўҳу пушта ба пушта овораву саргардон аст. Ин барои шумоён панд бояд бошад. Афѓонистон дар тўли 50 сол мисли Эмомалї Раҳмон сарвари миллатдўст надошту надорад. Шумоён тоҷикон атрофи ў муттаҳид шавед, ўро гиромї доред, бадбахтии мо афѓонњо дар ин солњои љанг дар он аст, ким о то њанўз чунин роњбари ѓамхору љасурро надоштем.

         Дар ин љода њам роњбарони давлати Исломии Афѓонистон ва њам амнияти ин кишвар кўшиш мекарданд, ки домони љанг ба Тољикистон ва дигар кишварњои њамсоя пањн нашавад.

         Имрўз Кабирї оќибатан ҳамон рўбоҳи оббурда барин сар боло карда, ҳов мезанад, ки ҷаласаи раёсати олии ҳизб ҲНИ баргузор мешавад ва пас аз он дар ин робита як баёния пахш хоҳад кард. Гўё ин ҳизбдори малъун дар кишварњои хориља пойгоҳҳои њарбї дошта бошад. Ин шармандаи рўсиёҳ агар имконияте медошт, Тоҷикистонро, ки халќи тоҷик бо сарварии хирадпешааш бо баҳои ҷон давлати соҳибистиќлоламонро бунёд кардаанд, тавасути шабакаҳои интернетї зидди миллату истиќлолияти кишвар ҷанги шабакавї бурда истодааст.

         Конфронси минтаќавии мубориза алайњи терроризм, ки дар кишвари Афѓонистон баргузор гардид, роњбари Раёсати умумии амнияти миллии Афѓонистон бо чунин хулоса ибрози аќида карданд. Шоњиди њол аз Тоҳикистон раиси КДАМ муҳтарам Саймуъмин Ятимов дар ин конфронс ҳузур доштанд ва аз хулосаи баровардаи амниятии Афѓонистон бархурдоранд. Раёсати амнияти миллии Афѓонистон гуфтааст, ки бањси асосї бо масъулони нињодњои истихбороти кишварњои ширкаткунанда ин буд, ки таърифи ягона ва муштараки «Терроризм» дар минтаќа ба вуљуд биояд. Ин рўсиёњони бо ном исломї вале дар асл террористу ифротии аз Тоҷикистон оќшуда бидонанд, ки давлат ва амнияти кишвари Афѓонистон њељ гоњ бо онњо якљоя нестанд ва кўмак њам нахоњанд кард.

         Бидонанд, ки халќи тоҷик кишвари азизашро агар лозим шавад, бо баҳои ҷон ҳифз хоҳад кард.   

Ҳеҷ овозе нест