КАБИРӢ, БАС АСТ ИҒВОГАРӢ!

Ҷаноби Кабирӣ барои “табрикоти солинавӣ”-атон ташаккури зиёд! Шумо боз иғвоандозиро давом дода истодаед. Ба дилатон назад? Шумо дигар коре надоред? Дар дунё барои ҷавонмард кор бисёр аст, на ин ки иғвою тӯҳмату сиёҳкорӣ.

Суханҳое, ки шумо навиштаед, касро ба ҳайрат мегузорад. Наход, ки кас дар ҳазорҳо километр аз Тоҷикистон дур истода, аз мардуми тоҷик бештар маълумот дошта бошад. Шумо биёед ба Ватан, бо чашми худ бинед, ки мардум чӣ гуна зиндагӣ доранд. Мардум давраҳои пандемияи коронавирусро, ки тамоми дунё азият кашид, нисбатан хуб аз сар гузаронид ва то ҳол гузаронида истодааст. Хушбахтона талафоти ҷонӣ кам аст. Беморхонаҳо аз касалиҳои коронавирус ва илтиҳоби шуш холӣ шудааст. Сатҳи сирояти беморон нисбат ба давраҳои пешин кам афзуда истодааст. Баръакс ба ин хурсанд шудан лозим аст.

Мардуми тоҷик бо қувваи барқ таъмин аст. Дар баъзе маҳалҳо маҳдудият дида мешавад. Албатта ин вазъият дер давом нахоҳад кард. Иқлим низ дар ин масъала нақши муҳим мебозад ва ҳодисаи табиат- ҳодисаи тасодуфӣ аст, ки онро пешгӯӣ карда намешавад. Сохтмони НБО-и Роғун давом дода истодааст. Сабр кардан ба ин мушкилиҳо вақтинча албатта мардуми тоҷикро ба мақсад мерасонад.

Маълумотҳое, ки шумо овардаед, ин “фейк” аст ва касе ба шумо онро фурӯхтааст. Байни шумову ҳаммаслаконатон доимо хариду фурӯши иттилоот ва иғвоандозӣ аст. Иттилоотро санҷед, обрӯи худро нарезонед, аз ҳар кӯчаю тангкӯча носанҷида сухан накунед. Бас аст сиёҳкорӣ. Сафи шумоён кам аст, мо бисёрем. Шумоён ба мақсадҳои худ намерасед.

Хоинони миллат, шумоён таърих ва воқеиятро сохтакорӣ накунанд. Зеро шоҳидон ҳоло зиндаанд. Куштори мардуми бегуноҳ хиёнати шумоён- хоинони миллат аст. Шумо худ зархарид ҳастед ва корҳои карда истодаи шумо маҳз барои пулу мол аст. Дар ин шароити муташаниҷи касалии эпидимикӣ, ки кулли оламро фаро гирифтааст, вақти бозиҳои сиёсӣ нест. Шумо аз кардаҳои худ пушаймон шаведу аз Парвардигор, ки гоҳ- гоҳ ба ёд меореду сухан мегуед, талаби бахшиши гуноҳҳоятон кунед.

Халқи тоҷик интихоби худро кардааст, ба Пешвои худ эътимод дорад ва ояндаи хешро бо Эмомалӣ Раҳмон мебинад. Мо ҳаёти осоишта мехоҳем. Магар ин қадар ободиву тинҷию амонии Тоҷикистон ба шарофати Президенти муаззами мо нест? Эмомалӣ Раҳмон яке аз шахсиятҳои нодир, нотакрор ва маъруфи замони мо мебошанд. Ин шахсият яке аз инсонҳое мебошанд, ки баҳри озодагиву некуаҳолӣ, тинҷию осудагӣ, пешравию дастовардҳои назарраси миллати тоҷик талош доранд.

Дар интихоботи Президентӣ халқи Тоҷикистон номзади арзандатаринро интихоб намуд ва дар роҳи созандагию ободкорӣ ва рушди давлатдории миллӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Эмомалӣ Раҳмон яке аз шахсиятҳое мебошанд, ки қаҳрамонии худро собит намудаанд. Он кас дар давраҳои мушкили натарсида, ҷони ҳудро ба гарав монданд. Дар ҳоле, ки баъд аз пошхӯрии собиқ давлатҳои шӯравӣ иқтисодиёти Тоҷикистон фалаҷ гардид, Эмомалӣ Раҳмон сатҳи онро чандин маротиб баланд бардоштанд ва касби созандагиро пеша намуданд.

Кафолати амнияти мо аз суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста аст. Аз ҳама муҳим дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза ҳифз намудани дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳуввияти таърихӣ ва арзишҳои миллӣ вазифаҳое ҳастанд, ки аз иҷрои онҳо ба пойдории Тоҷикистони азизи мо мусоидат мекунанд.

 

Азимова Н, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест