ВОХУРИИ ВАКИЛИ МАРДУМӢ БО АҲЛИ ҶОМЕА

 

DSC08512.JPG

DSC08517.JPG

DSC08549.JPG

Имрӯз дар толори калони МИҲД-и ноҳия вохурии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи №34 муҳтарам Раҳмонзода Зоир ва раиси ноҳияи муҳтарам Раҳматзода Рустам бо роҳбарони муассисиаву корхонаҳо ва фаъолони ноҳия баргузор гардид. Дар ин вохури вакил Раҳмонзода Зоир дар мулоқоташ аз ҳозирин хоҳиш намуданд, ки  ба масъалаҳои мубрами рӯз диққати ҷиддӣ диҳанд. Аз ҷумла, истифодаи оқилонаи нерӯи барқ, самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, ҷашни иду маъракаҳо ва танзим намудани оину анъанаҳо, инчунин оиди Стратегияи милли рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ва ба созандагию бунёдкориро ба роҳ гузоранд.

Дар мулоқот вакил ба саволу пешниҳодҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас дода, ба иштирокчиён боварӣ кунонд, ки ҳарчӣ зудтару пештар камбудиҳои вуҷууддошта бартараф хоҳанд шуд.

Тибқи нақша вакили мардумӣ муҳтарам Раҳмонзода Зоир боз дар дигар ҷамоату ташкилотҳо бо аҳли ҷомеа мулоқот хоҳад намуд. 

Аз дафтари матбуоти раиси ноҳия

Ҳеҷ овозе нест