ОРОМИИ ВАТАН БАРОИ КАБИРӢ АРЗИШЕ НАДОРАД

 

Муҳиддин Кабирии хоину мазҳабфуруш ва дигар роҳбарону баъзе аъзои ТЭТ ҲНИ-ву узви Гурӯҳи 24, ба ҷои он ки аз кардаашон пушаймон шуда, чун дигарон дар Ватан, дар паҳлуи падару модар ва аҳли байти худ осудаҳолона зиндагӣ карда, ба мехнати ҳалолу созанда машғул шаванд, дар роҳи адои хоҷаҳои аҷнабиашон пайгирона бо усулҳои гуногун хиёнатро дар ҳаққи Ватану Миллат ва аҳли байту руҳу арвоҳи онҳо идома бахшида, дар ҳайати созмони нав бо ном «Паймони миллии тоҷикон» садо баланд доранд.

Аз фишорҳои берунаи ТЭТ ҲНИ ба мо маълум аст, ки то ба имрўз дар расонаҳои иттилоотии хориҷӣ, баъзе хабарҳои беасоси хешро дар хусуси дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ ба даст омадаро баҳоҳои муғризона дода, хоҳиши аз сари нав миёни мардум тухми адоват коштану ҷудои андохтан ва вазъи сиёсии мамлакатро ноором сохтанро пеша намуда истодаанд. Вале мо бо боварии комил мегўем, ки халқи зираку ҳушёри Тоҷикистон дигар ба чунин дассисаҳо бовар накарда, сулҳи ба дастовардаи хешро хоҳиши дубора аз даст додан надоранд.

Вале то ба имрӯз ҳастанд гурӯҳҳои террористие, ки ба пешравии сиёсиву иқтисодии Точикистони азизи мо ҳасад бурда, ояндаи дурахшони онро дидан намехоҳанд. Яке аз ин гурӯҳҳо ТЭТ ҲНИ мебошад, ки бинобар хусусияти террористию экстремистӣ гирифтанаш аз ҷониби суди Олии кишвар фаъолияташ маън карда шудааст. Аммо, саркардагони асосии он то ба имрӯз дар кишварҳои хориҷ худро ҳомии адолату сарафкандаи зулм нишон дода истода, муборизаи сиёсиашонро дар хориҷ аз кишвар идома дода истодаанд. Ҳарчанд, ки кирдори ноҷавонмардона ва ғайриқонунии аъзоёни ин ҳизб кайҳо ошкор шуда, дар ҷинояти ғасби ғайриқонунии ҳокимият даст дошта бошад ҳам, то ба имрӯз дар бархе аз расонаҳои кишварҳои хориҷӣ саркардагони ин аҳзоби ватанфуруш, яъне раиси он Мухиддин Кабирӣ ба мушоҳида мерасад.

Дар баробари ин, имрўз ТЭТ ҲНИ ба монанди солҳои 90-уми асри гузашта, худро пуштибони ҳуқуқу шарафи мусалмонон нишон дода, гуё пуштибони арзишҳои исломиву ҳуқуқи башар ва ғамхори мардум бошад. Аммо вақт ба мо шаҳодат медиҳад, ки ҲНИ аз ҳамон гуна фитнакороне мебошад, ки осудагии мардум ва зиндагии ороми халқи тоҷик барояшон арзише надорад. Ҳадафи ин равияи террористӣ танҳо ҳокимият буда, пурра аз пушти манфиатҳои шахсии хеш мебошанд. Онҳо коре мекунанд, ки хамин равиши зиндагӣ тағйир дода шаванд ва бозингарони нави наҳзатиро рўи кор оварда гурӯҳҳои зиёди фитнакорро ба монанди солҳои 90-ум истифода бурда, ғасби кишварро амалӣ созанд.

  • таъсиси ҳизби наҳзат ва тамоми фаъолияту амалиёти он аз тарафи доираҳои махсуси хориҷӣ тарҳрезӣ шуда буд, илова бар ин, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар сафи ҷангиёни ҲНИ зархаридони хориҷӣ аз ташкилотҳои байналмилалии террористӣ хеле зиёд буданд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва созмони нав бо ном «Паймони миллии тоҷикон» дар нишастҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо борҳо баромад намуда, баҳри амалисозии ниятҳои нопоку ғаразноки худ кӯшиш намуд. Аммо имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, ки симои ботини ин ҳизбу ҳаракатҳоро хуб мешиносанд, ба суханҳои дуруғу сафсатаҳои ин хоинони Ватан бовар надоранд ва ба ин хоинон нафрат доранд.

Дар охир як нуқтаро бояд қайд намуд, ки оромии ин Ватан, халқу миллат ва Тоҷикистони соҳибистиқлол барои Кабирии хоину ватанфуруш ва ҳаммаслаконаш ҳеҷ арзише надорад.

ХАДАМОТИ МАТБУОТӢ

 

 

Ҳеҷ овозе нест