ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ФАРХОР МУҲТАРАМ РАҲМАТЗОДА Р.М. БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

 

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор тамоми сокинони кишварамонро бо фарорасии 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба хотири ободиву пешрафти кишвари азизамон бароятон сулҳу осоиш таманно дорем.

         Қайд кардан ба маврид аст, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари миллату кафолати амнияту осоиш ва сулҳу субот дар кишвар ба ҳисоб рафта, дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва устувории истиқлолият нақши арзандае доранд. Мо сарбозону афсарони Артиши миллиро ҳамчун муҳофизони содиқу ҷоннисори Ватан, ватандӯсту ватанпарвар мебинем ва аз онҳо ифтихор дорем.

         Бо камоли эҳтиром бори дигар Шуморо ва тамоми аҳолии саодатманди кишварамонро бо ин ҷашни бузӯрг муборакбод намуда, ба хотири тинҷию осоиштагии кишварамон дар хонадони ҳар яки Шумо ваҳдату якдилӣ, осмони софу беғубор ва дар пешрафти кишварамон арзишмандтарин дастовардҳои меҳнатиро таманно менамоям.

 

         Ҷашни Артиши миллӣ муборак!

 

Бо камоли эҳтиром,

раиси ноҳияи Фархор,                    Раҳматзода Рустам

Ҳеҷ овозе нест