ВОКУНИШ АЛАЙҲИ БАРОМАДИ ТЕРРОРИСТИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ МУҲИДДИН КАБИРӢ, КИ ДАР ДОНИШГОҲИ ВАШИНГТОН ИРСОЛ КАРДААСТ.

 

kabbirriya 4_6.jpg

ҚИСМИ 2

Акнун, барои ту ватанфурӯши гузаро як таърихро меорам, Худо медонад, ки ту панд бигирӣ: Вақте Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи сулҳи тоҷикон ба Афғонистон деҳаи Хусдеҳ мераванд, тоҷикони фирорӣ медиданд, ки Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли гуфтушунид аз ҳад зиёд талош мекард. Аҳмадшоҳи Масъуд сарварони мухолифинро даъват мекард, ки ба маслиҳат биёед, масъалаи сулҳро бубинед. Ба мухолифин ру оварда Масъуд мегӯяд: “ман имрӯз Роҳбари давлати шуморо дидам, ки ҷон дар кафи даст зери тиру тӯп барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад. Қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо-афғонҳо дар ин солҳои ҷанг дар он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхорро надоштем”. Акнун таърихи дигарро меорам:

“Вақте фелдмаршал Фридрих Паулюс сарфармондеҳи артиши шашуми германияи фашистӣ дар назди Сталинград баъди муҳорибаи ҳаддид бо 91 ҳазор аскар, 2500 афсар ва 23 генерал ба аскарони шӯравӣ таслим шуд, вай дар зиндон дар пурсиш ҳатто Гитлерро сиёҳ накард. Ҳамин тариқ Паулюс то соли 1953 дар Иттиҳоди шӯравӣ монд. Пеш аз он, ки СССР-ро тарк кунад, 24 октябри ҳамон сол ба унвони Ҳукумати шӯравӣ номаи сипос навишта иқрор мешавад: “Ман мехоҳам ба одамони шуравӣ бигӯям, ки замоне ба ин кишвар ҳамчун душман, фармонбардори нобино омада будам, аммо ҳоло ин кишварро ҳамчун дӯсти он тарк мекунам””.

         Ин таърихро барои тую ту баринҳои хиёнаткор барои он овардам, ки Паулюс немис буду сарварони давлати шуравӣ коммунистон. Ана марди сиёсат чи гуна мешавад. ту худозадаи русиёҳ аз хуни миллатат сер нашуда мехоҳӣ, ки Тоҷикистонро дубора ба хун олуда кунӣ!

         Дар асл нияти Эмомалӣ Раҳмон ба миллату давлаташ нек буд, ки Худои бузург дар давлатсозӣ дасташро боло ва зафару нусратро ёраш гардонид.

         Ту лаънатзадаи миллат бигӯ, ки дар исломи зӯракию наҳзати сохтаю бофтаатон кадоматон зафар ёфтед?!

-Ҳеҷ кадоматон!

Имрӯз аз ҳизбат ҳам даст кашида ба ПМТ-и дуруғину демократияи ба фаҳми худат “соф” пайвастаӣ. Даъво дорӣ, ки танҳо бо дастгирии халқамон ба сари қудрат меоем. Кадом халқро дар назар дорӣ?! Ин халқро як бор гумроҳ карда 150 ҳазорашро нест кардед. Дубора Тоҷикистонро ба хун кашиданиед. Ин халқ то явми қиёмат аз дунболи тую ҳаммаслаконат дигар ҳаргиз нахоҳад рафт.

         Ту Кабирӣ ҳамон қурбоққаӣ, ки худро асп пиндошта ба поят наъл мезанӣ.

         Ту, Кабирӣ гуфтаи, ки “Ҳизби наҳзати ислом ягона ҳизби мазҳабии расии минтақа буд, талош мекард аз худ як намунаи таҳамулгароӣ, хушунатпарҳезӣ ва омомда ба муколамаро нишон диҳад. Мо бо ин роҳ мехостем исбот намоем, ки на ҳама ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ радикал ва ифротӣ ҳастанд”.

         Ту, ҳарромзодаи миллат “ҷомеаи озоду пешрафта”-ро сохтанӣ будаед ва дустонатон дар ин роҳ қурбону зиндонӣ шудаанд, мегӯйӣ, ту бошӣ бо чанд думу думчаҳоят ҳукми террористи байналмиллалиро гирифта дар хориҷа дум ликонда гаштаед. Ё тавба!

         Ҷомеаи озоду пешрафта гуфта чи гуна ҷомеаро дар назар дошта бошад ин палид? Оё мардуми Тоҷикистон тайи 29 сол дар кадом ҷомеа зиндагӣ дошта бошанд? Ҳама хушбахтона зиндагӣ доранд. Кӣ кор мекунад, кӣ муҳоҷират меравад, кӣ таҳсил мекунад, ихтиёр ба худаш. Ин Кабирии разил боз чи мехоста бошад?!

Ҳой Кабирӣ! Ҳамин ту Худозада набудӣ, ки бо Ҳалими ҳаромзода террор карда чи қадар ҷавонҳои нозанинро қурбон кардед?! Боз, ту иблис ҳизбу мазҳабатро таҳаммулпазир ҳисоб мекунӣ?

Дар давраи Ҷанги Бузӯрги Ватанӣ устод Айнӣ мақолае бо номи “Ҳар зараррасонандаи ба одамро нест кардан даркор” навишта буд. воқеан ҳам тую ту баринҳоро аз рӯйи хок нест кардан даркор аст. Ту ҷони ҳароматрог гирифта гурехтию Ҳалими назарзодаат сагмур кард.

Як сиёсатмадори руси асри XIX Пётр Сталинин гуфта буд аст: “Фарде, ки дорои руҳия ва Худогоҳии миллӣ нест, поруеро мемонад, ки дар он решаи миллатҳои дигар сабз хоҳад шуд”. Акнун тую ту барин лаънатшудаҳои миллат поруеро мемонед, дигар ба касе ҳам даркор намешавед.

Ҳай минбари баланд ёфта лақидаед. Террорист дар гузаронидани интихоботи Президенти Тоҷикистон дастур додааст, ки буза бозию хара ханда меояд. Интихоботи Президентро дар асоси қонун мегузаронем. Кулли халқи тоҷик бо дили пур ва эътимоди комил танҳо шахси муҳтарами худаш, шахсе, ки Истиқлолияти кишварро ҳифз карда тавонист, шахсе, ки миллаташро аз  нестшавӣ-аз чанголи фашистии тую ту баринҳо ҳимоя ва наҷот дода тавонист, шахсе, ки давлатамон Тоҷикистонро эҳё кард, бунёд кард Президенти азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона бо хоҳиши дили худамон интихоб мекунем. Аз касе маслиҳат ҳам намепурсем.

Он чи ки ба нишонии ту Кабирӣ навиштам, росту дуруст, камтар дағал ҳам навиштам, ки бе ин худдорӣ карда натавонистам. Аз ин минбаъд ту ҳизб надорӣ, чунки ба он ҳизби бофтаю дурӯғинат хиёнат ҳам кардаӣ. Ҳоло бо чанд ҷавони бадахшӣ ПМТ сохтаед. Онҳо ҷаб ҷавонони соддаи беақл будаанд. Як тавассути каналҳои телевизионӣ ба шаҳрҳои ноҳияҳои Бадахшон нигоҳ кунед. Сартона ба сари Кабирии рӯсиёҳ мемонедю ба шумоён ҳам хиёнат мекунад. Зараратон кардааст бо хешу табор зиндагӣ кардан, агар шуду мурдед ақаллан дар хоки аҷдодӣ дафнатон мекунанд. Вой бар ҳолатон, ки дар мулки бегона мурда меравед.

Бидон, Кабирӣ, ки шумоён наҳзатиҳоро Худо зад, ҳамон оби шашқатори дидаҳои хоҳарону модарони тоҷик дар ҳамон соҳои мудҳиши ваҳшониятатон дар тоҷикистон Худовандро ба қаҳру ғазаб оварда Тоҷикистонро аз наҳзатиҳои ҳаром пок сохт. Акнун Кабирии номат гум, барои ту як сухани Далай-Лама XIX, пешвои руҳонии буддиёни Тибетро меорам. Аз ӯ пурсидаанд, ки “Дар бораи мусулмонон чи медонед? ӯ ҷавоб додааст: “Агар манзури шумо ДИИШ бошад ва дигар гурӯҳҳои радикалӣ бошад, онҳо мусулмон нестанд, балки душмани исломанд. Ман дар маҳаллаи мусалмоннишин бузург шудаам ва аз таълимоти ислом низ то андозае огоҳам. Мусалмонони асил мардуми таҳаммулпазир, меҳрубон ва аз ҷангу хушунат безоранд””.

Ту Кабирӣ аз рӯйи гуфти Далай-Лама ба гурӯҳҳои террористии радикалиаш дохил мешавӣ. Пас, ба ту иблис кӣ бовар мекунад?! Гумон мекунам барои ту ватанфурӯши палид бас будагист. Дониста бошед, душманони Тоҷикистон!

Халқи тоҷик аз азал бе адлу бе қонун набуд,

Аз азал бе фазлу бе мазмун набуд.

 

А. Маҷидзода – собиқадори меҳнат.

Ҳеҷ овозе нест