Activities calendar

02 феврал 2021

Оила мактаби тарбияи ҳамдигарӣ аст

Имрӯз ва ояндаи Тоҷикистон ба ҷавонон бастагии устувор дорад. Имрӯз бисёр мушоҳида мешавад, ки оилаҳои ҷавон бештар вайрон мешаванд. Албатта, сабабҳо гуногун буда метавонанд, аммо сабаби асосӣ бетаҷрибагӣ ва омода набудани ҷавонон барои масъулияти оиладорӣ аст. Барои ин лозим аст, ки падару модарон ва ҷомеа ба ин масъала бетараф набошанд. Миллати мо аз гузашта соҳиби анъанаҳои зиёде аст, ки барои устувории оила нигаронида шудаанд. Ин ҷо мехостем дар мавриди баъзе аз онҳо таваққуф намоем, ки метавонанд боиси устувории оила, ба роҳҳои нодуруст нарафтани ҷавонон гарданд.

Ҳеҷ овозе нест