Activities calendar

25 January 2021

САДДА ИДИ ДЕҲҚОН АСТ

 

Дар ноҳияи Фархор тибқи дастури раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон рӯзи якшанбеи санаи 24-01-2021 дар маркази Боғи фарҳангию фароғатӣ Иди Садда ҷашн гирифта шуд. Дар ин ҷашн аз тамоми ҷамоатҳои ноҳия маҳсулотҳои кишоварзии худро ба намоиш гузоштанд. Инчунин ҳунарҳои мардумӣ ва фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз пешниҳод карда шуд. Дар ин рӯзи ҷашн муовини якуми раиси ноҳия муҳтарам Вализода Н ба мардуми ноҳия ин иди бошукӯҳро табрику таҳният гуфт. Дар охир аз тарафи кормандони Қасри фарҳанги ноҳия сурӯдҳои диловез ба мардум пешниҳод карда шуд.

Ҳеҷ овозе нест

НЕШИ НАҲЗАТ

Роҳбарияти олии Тоҷикистон баҳри сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ба нерӯҳои мухолифин бовар кард ва имконияти васеи кору фаъолияти сиёсиву иқтисодӣ ва ҷамъиятиро баъди имзои Созишномаи сулҳу оштӣ фароҳам оварда, ҳамкории боэътимоди дуҷонибаро ба роҳ монд. Лек хиёнаткорони замон боз ҳамон хиёнату гумроҳии худро такрор намуда, даст ба амалҳои хунин заданд. Ташкил, тарҳрезӣ ва маблағгузории табаддулоти ҳарбии соҳи сентябри соли 2015 аз ҷони ТЭТ ҲНИ ва ба воситаи Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода амалмӣ карданӣ буданд. Хушбахтона нағшаву нияти нопоки онҳо шикаст хӯрд.

Ҳеҷ овозе нест